Ноябр 21, 2020 15:13 Asia/Dushanbe
  • Филмҳои ин ҷашнвора бо зернависи русӣ ва тоҷикӣ намоиш дода мешавад
    Филмҳои ин ҷашнвора бо зернависи русӣ ва тоҷикӣ намоиш дода мешавад

Сеюмин Ҷашнвораи филми Фаронса аз 23 то 27 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Топ Тҷ, ин ҷашнвораро сафорати Фаронса дар Тоҷикистон бо ҳимояти Маркази фарҳангии "Бохтар" баргузор мекунад.

Дар ин ҷашнвора филмҳои мухталифе, аз ҷумлаи “Асрори Анри Пик”, “Дилили дар Париж”, “Лифте ба дор” ва комедии “ҳамчун писарон” дар сабкҳои гӯногӯни синамоии Фаронса, аз ҷумла филмҳои ҳунарӣ ва пӯёнамоӣ, драмавии модерн ва комедӣ барои тамошогарон ба намоиш гузошта мешавад.

Дар ифтитоҳи фестивал кинокомедияи драмавии Том Лилти "Гиппократ" (2014),  ки ба забони тоҷикӣ садо дода шудааст ба намоиш дармеояд.

Ҳамаи ин филмҳо ба забони фаронсавӣ бо зернависи русӣ ва тоҷикӣ намоиш дода мешавад ва ширкат дар ҷашнвора низ ройгон аст.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД:

Филми эронӣ; Барандаи ҷоизаи беҳтарин аниматсия дар ҷашнвораи "Варшава"

Дӯрахшиши бозигари эронӣ дар ҷашнвораи филми Русия

Барчасп