Ноябр 21, 2020 22:30 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 21 ноябри 2020 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон то рӯзи 21 ноябри 2020 эълом шуд

Номи 39 нафари дигар ба феҳристи беморони коронаӣ дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони коронаӣ дар Тоҷикистон бо шиносоии 39 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 854 нафар расидааст.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон то соати 19 –и рӯзи шанбеи 21 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари пешин аст.

Аз 11 ҳазору 854 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 11 ҳазору 229 нафар беҳбуд ёфта‌анд.

Дар шабонарӯзи ахир 37 бемори коронаӣ ҳам аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп