Ноябр 22, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Тими футболи духтарони навҷавони Тоҷикистон то 28 ноябр дар урдуи омодагӣ басар мебарад
    Тими футболи духтарони навҷавони Тоҷикистон то 28 ноябр дар урдуи омодагӣ басар мебарад

Тими миллии футболи духтарони навҷавони Тоҷикистон муташаккил аз бозикунони зери 17 сол, тамринҳои худро барои мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё 2022 оғоз карда аст.

Ба гузориши FFT.tj, тими миллии навҷавонони духтари Тоҷикистон бо даъват аз 25 бозикун шомили 3 дарвозабон, 8 муҳофиз, 9 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагар то 28 ноябр ба урдӯи омодасозӣ дар шаҳри Турсунзода рафтааст.

Ин тим дар мусобиқоти муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё 2022 ширкат мекунад.

Дар даври аввали ин мусобиқот, ки аз 7 то 11 апрел баргузор хоҳад шуд, 32 тим дар 8 гурӯҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Мунтахабони ин рақобатҳо ба даври дувуми ин бозиҳо, ки аз 22 то 26 сентябр баргузор хоҳад шуд, роҳ меёбанд.

Дар баҳори соли оянда Тоҷикистон мизбони аввалин давраи мусобиқоти муқаддамотии қаҳрамонии Осиё дар байни духтарони камтар аз 17 ва камтар аз 20 сол хоҳад буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп