Апрел 24, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти футзали қаҳрамонии Осиё / Эрон 6- Қирғизистон 1: Роҳёбии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонӣ

Миллипӯшони Эрон бо намоиши муқтадиронаи муқобили Қирғизистон роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳониро қатъӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, миллипӯшони Эрон бо намоиши муқтадиронаи муқобили Қирғизистон роҳёбӣ ба Ҷоми ҷаҳониро қатъӣ карданд.

 Тими миллии футзали Эрон пас аз се пирӯзии пайдарпай муқобили Афғонистон, Баҳрайн ва Кувайт ва касби 9 имтиёз, дар гурӯҳи d-и Ҷоми миллатҳои Осиё садрнишин шуд, то муқтадиронатар аз ҳама муддаиён ба ҷамъи ҳашт тими бартари ин рақобатҳо роҳ ёбад,аммо шогирдони Ваҳиди Шамсоӣ имрӯз, ки муқобили Қирғизистон қарор гирифтанд, ба назар мерасид кори сахте дошта бошанд, чаро ки ҳарифашон дар марҳилаи гурӯҳӣ шигифтисоз шуд ва тавонист болотар аз Япония биистад ва ба унвони тими дувум аз гурӯҳи С ба даври чаҳорякфинали ниҳоӣ сууд кунад, вале футзалистҳои Эрон дурахшон кор карданд ва иҷозаи дурахшиш ба тими муқобил надоданд.

 Онон бо намоиши комилан бартар дар ниҳоят ба пирӯзии 6 бар 1 даст пайдо карданд.

 

Барчасп