Шиносоии 40 бемори короноии дигар дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Nov 2020 08:04:48 GMT )
Ноябр 23, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Тоҷикистон аз субҳи рӯзи душанбеи 23 ноябри соли 2020 эълон шуд
    Охирин омори корона дар Тоҷикистон аз субҳи рӯзи душанбеи 23 ноябри соли 2020 эълон шуд

Номи 40 нафари дигар ба феҳристи беморони корона дар Тоҷикистон афзуда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори беморони Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 40 бемори ҷадид ба 11 ҳазору 894 нафар расидааст.

Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид-19 дар Тоҷикистон то соати 10 субҳи рӯзи душанбе 23 ноябр бидуни афзоиш ҳамон 86 нафари қабл аст.

Аз 11 ҳазору 894 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 11 ҳазору 271 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 42 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп