Омодагии Усмонзода барои ҳалли мушкили полоишгоҳи нафти Данғара
Муовини нахуствазири Тоҷикистон омодагии худро барои кумак ба ҳалли мушкили таъмини нафти хоми мавриди ниёзи полоишгоҳи Данғара эълом кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Усмоналӣ Усмонзода, ки барои ошноӣ бо фаъолияти марокизи санъатии вилояти Хатлон ба ҷануби Тоҷикистон сафар кардааст, бар зарурати роҳандозии ҳарчӣ зудтари нахустин полоишгоҳи нафти ин кишвар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара таъкид кард.
Вай эълом кардааст, ки худаш барои ҳалли мушкили таъмини нафти хоми ин полоишгоҳ иқдом хоҳад кард.
Мақомоти минтақаи озоди иқтисодии Данғара мегӯянд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки сохти он аз соли 2014 оғоз шудаву ду сол аст ба таъхир меафтад, ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад.
Ширкати чинии TK-oil барои сохти полоишгоҳи Данғара 450 миллион доллар ихтисос додааст.
Ифтитоҳи полоишгоҳи Данғара: аз таъмини ниёзи дохилӣ то содироти бензин
Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон заминаи тасфияи солона 500 ҳазор тон нафт фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон хоҳад тавонист солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад.
Ба ин тартиб, илова бар таъмини ниёзи дохилӣ заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.
Тоҷикистон дар сол ба як миллиону 600 ҳазор тон бензин ва сухти дизелӣ ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.
Бештар бихонед: