Рустами Эмомалӣ ба Маскав рафт
Ноябр 24, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар нахустин сафари расмӣ ба Русия вориди Маскав шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Рустами Эмомалӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо масъулини Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия ба Маскав омадааст.
Вай дар фурудгоҳи Внуковои Маскав муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия Элиас Омаханов пешвоз гирифт.
Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси Миллӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Рустами Эмомалӣ, ки аз соли 2017 шаҳрдори шаҳри Душанбе аст, моҳи апрели соли равон раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон шуд.
Бештар бихонед: