Нишони "Мерос"-и Русия ба шоири тоҷик эҳдо мешавад
Нишони "Мерос"-и Русия ба шоир ва хабарнигори тоҷик ва раиси бахши русии барномаҳои иттилоърасонии шабакаи "Тоҷикистон" Карим Ҳайдар эъто мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник; маросими эҳдои ин нишон дар баҳори соли 2021 бо ҳузури Мария Романова наҷотёфтагон аз хонадони салтанатии Русия дар Маскав баргузор мешавад.
Карим Ҳайдар дар моҳи август низ медали ифтихории "Сергей Есенин"-ро дарёфт кард ва ин дуввумин ҷоизаи русӣ аст, ки ин шоири тоҷик имсол дарёфт мекунад.
Карим Ҳайдар дар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар хонаводаи рӯзноманигор ва нависанда Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.
Вай узви Анҷумани нависандагони Тоҷикистон, узви Анҷумани рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҳамчунин корманди радио ва телевизиони ин кишвар аст. Ӯ аз соли 2006 низ ба унвони раиси бахши русии барномаҳои иттилоърасонии шабакаи телевизионии "Тоҷикистон" машғул ба кор аст.
Маҷмӯаҳои шеъри "Садои ниёгон", "Таснифи Ҳисор", достонҳои кӯтоҳ, драмма ва мақолаҳо ба забони русӣ, аз ҷумлаи осори Карим Ҳайдар аст.
Ин шоир суруди миллии Тоҷикистонро низ ба русӣ тарҷума кардааст.
Дар соли 2018, вай инчунин медали дараҷаи якуми Достоевскийи Русияро ба даст овард.
Бештар бихонед: