Ноябр 25, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • Вазорати саноати Тоҷикистон аз корҷӯён хоҳиш кардааст, ки аризаҳои худро тавассути сомонаи ijozatnoma сабт кунанд
    Вазорати саноати Тоҷикистон аз корҷӯён хоҳиш кардааст, ки аризаҳои худро тавассути сомонаи ijozatnoma сабт кунанд

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон системаи онлайн барои ҷалби коргаронро дар корхонаҳо ва коргоҳҳои марбути он оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик ҳадаф аз ин иқдом бартараф кардани монеаҳо дар роҳи бақайдгирӣ, рафъи ҷустуҷӯи рӯ ба кор, шаффофтар кардани кормандон, пешгирии коррупсия ва ришва ва кӯмак ба бахши хусусӣ мебошад.

Дар ин сомона бо суроғаи ijozatnoma.tj талаботи марказҳои саноатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, усули сабти номи корҷӯён, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва пардохти ҳаққи хидматҳои бонкӣ нашр шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар кишвар 2 ҳазору 251 корхона ва коргоҳҳои фаъол мавҷуданд, ки тақрибан 195 воҳид имсол ифтитоҳ шудааст.

Дар тӯли 10 моҳи соли равон ин марказҳо ба маблағи 24 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 11 дарсад зиёд аст.

Дар айни замон, ҳиссаи бахши саноат дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 17,9 фоизро ташкил медиҳад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп