Ҷамъияти Тоҷикистон ба марзи 9.5 миллионнафар расид
(last modified Thu, 26 Nov 2020 07:13:42 GMT )
Ноябр 26, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Дар ноябри 2020 ҷамъияти Тоҷикистон ба марзи 9.5 миллионнафар расид
    Дар ноябри 2020 ҷамъияти Тоҷикистон ба марзи 9.5 миллионнафар расид

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Ба гузориши сомонаи ин ниҳод, дар 10 моҳи гузаштаи имсол ҷамъияти ин кишвар бо рушди беш аз 2 дарсадӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл ба 9 миллиону 444 ҳазору 250 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, 3 миллиону 400 ҳазор нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 700 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 200 ҳазор нафар дар ноҳияҳои тобеи марказ, 230 ҳазору 500 нафар дар вилояти Бадахшон ва 871 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукӯнат доранд.

Дар соли 2019 Бонки Ҷаҳонӣ рушди сареъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди шуғлу коҳиши фақр дар ин кишвар таносуб надорад, ҳамчун бомби соатӣ дониста буд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ акнӯн, ки аз се як ҳисса аз ҷамъияти беш аз 9 миллионнафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи корҷӯён ин кишвар ба хориҷ ҳам душвор шудааст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими рушди ҷамъият бошанд.

Ба гуфтаи коршиносони умӯри ҷамъият, дар соли 2023 ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Ҷамъитт Тоҷикистон дар соли 1991ва замони истиқлоли ин кишвар 5 миллиону 400 ҳазор нафар буд.

Тоҷикстон аз назари рушди ҷамъият дар мақоми нахусти кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд қарор дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: