Иқдоми вижаи "Амнисти Интернешнл" барои кӯмак ба Ёров ва Маҳкамов
(last modified 2016-10-14T14:32:12+00:00 )
Октябр 14, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми вижаи

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари "Амнисти Интернешнл" бо таъкид бар ин ки ҳабси Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ду вакили зиндонии тоҷик ангезаи сиёсӣ дошт ва ба хотири ҳимоят аз намояндагони маҳкумшудаи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ буд, ба кӯмаки ҳарду иқдоми вижаеро роҳандозӣ кардааст.

Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ин созмон бо пахши як муроҷиатнома, дар робита ба ғайриқонунӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудани Ёров ва Маҳкамов, ҳамчунин бар хилофи меъёрҳои қонун баргузор шудани мурофиаҳои додгоҳӣ, аз ҷомеаи башарӣ дархост кардааст, то зери ин муроҷиатнома имзо гузошта ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон -Эмомалӣ Раҳмон ирсол кунанд.

Гуфта мешавад, ширкаткунандагони иқдоми "кӯмаки фаврӣ" ҳамчунин метавонанд аз ширкаташон дар ин иқдоми "Амнисти Интернешнл" бо ирсоли муроҷиатномаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро огоҳ созанд.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро ба муҳлати 23 сол ва Нуриддин Маҳкамовро ба 21 соли зиндон маҳкум кард, ки вокунишҳоеро аз ҷониби ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ дар пай дошт.

Барчасп