Боздошти қочоқчиёни тилло ва арз дар фурӯдгоҳи Душанбе
Ноябр 28, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду бародарро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми талош барои интиқоли ғайриқонӯнии 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллар пули нақд боздошт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, ки бародарон Фирдавс ва Муҳаммадалӣ Давлатов даст доштаанд, ки ин миқдор тилло ва пулро аз Тоҷикистон ба Дубай мунтақил кунанд.
Гуфта мешавад, ки ду фарди боздошт шуда, фарзандони Давлати Хавос, мудири собиқи маъдани тиллои Шугнов ҳастанд.
Таҳқиқоти бештар дар ин замина оғоз шуда, аммо дар бораи ҷузъиёти ин моҷаро, тавзеҳи бештаре дода нашудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Оқибати қочоқи сақич аз Тоҷикистон ба Қирғизистон
- Интиқоди Амрико аз нокофӣ будани муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи инсон ва посухи Душанбе
Барчасп