Боздошти қочоқчиёни тилло ва арз дар фурӯдгоҳи Душанбе
(last modified Sat, 28 Nov 2020 08:34:27 GMT )
Ноябр 28, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон фарзандони мудири собиқи маъдани тиллои Шугнов ҳастанд
    Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон фарзандони мудири собиқи маъдани тиллои Шугнов ҳастанд

Маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду бародарро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба иттиҳоми талош барои интиқоли ғайриқонӯнии 90 килограм тилло ва 15 миллиондоллар пули нақд боздошт кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, ки бародарон Фирдавс ва Муҳаммадалӣ Давлатов даст доштаанд, ки ин миқдор тилло ва пулро аз Тоҷикистон ба Дубай мунтақил кунанд.

Гуфта мешавад, ки ду фарди боздошт шуда, фарзандони Давлати Хавос, мудири собиқи маъдани тиллои Шугнов ҳастанд.

Таҳқиқоти бештар дар ин замина оғоз шуда, аммо дар бораи ҷузъиёти ин моҷаро, тавзеҳи бештаре дода нашудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: