Интишори мусаввабаи пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷир дар Русия
Русия мусаввабаи пардохт ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро мунташир кард.
Ба гузориши сомонаи Migrantnews.info/ru, Тоҷикистону Ӯзбакистон ба далели узвияти надоштан дар ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ аз ин имтиёз маҳрӯм ҳастанд.
Узвият дар Иттиҳоди Авруосиё барои Тоҷикистон чӣ дастоварде дорад?
Бар ин асос коргарони муҳоҷири қазоқ, қирғиз, Беларус ва арманӣ, ки 20 соли ахир дар Русия фаъолият карда ва молиёт ва бемаи иҷтимоиро пардохт кардаанд, шомили ин имтиёз мешаванд ва аз моҳи январи соли 2021 метавонанд ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кунанд.
Мақомоти Душанбе чанд соле аст, ки мавзӯи зарурати пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро матраҳ мекунанд, аммо Русия ҳар бор ба далели узвият надоштани Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз пазириши ин мавзӯи сар боз задааст.
Коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия беш аз 25 сол аст дар бахшҳои иқтисод, сохтумонсозӣ, ҳамлу нақли умумӣ ва хадамоти шаҳрии ин кишвар фаъолият мекунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД::
- Ҳазфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз дарёфткунандагони ҳуқуқи бознишастагӣ дар Русия
- Ковид 19 монеи ниҳоӣ шудани тарҳи пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
- Таъкиди намояндаи Думои Русия бар ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик