Ноябр 29, 2020 16:09 Asia/Dushanbe
  • Раиси ноҳияи Исфара бар сохти роҳи мустақим миёни Ворух бо Исфара таъкид кард
    Раиси ноҳияи Исфара бар сохти роҳи мустақим миёни Ворух бо Исфара таъкид кард

Раиси тоза мансӯб шудаи ноҳияи Исфара дар дидор бо сокинони фармондории Ворух, ки дар минтақаи мавриди ихтилоф бо Қирғизистон воқеъ шудааст, ваъда дод, ки як рӯз аз ҳар ҳафтаи кории худро барои баррасӣ ва ҳалли мушкилоти онон дар ин минтақа ҳузур хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот гуфтааст, Ворух мариди таваҷҷуҳи махсуси раҳбарияти кишвар аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфтааст, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронид.

Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қабалан рабудашуда гуфтугӯ кардааст.

Таъмиру аз навсозии қитъаҳои муайяни ноободи роҳи Исфара-Ворух, ҳуҷҷатгузории қитъаи азнавсозишудаистодаи кӯчаи ҳамшафати кӯдакистони деҳа, бунёди корхоҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳа, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳрӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу муроҷиатҳои ворухиён, таъсис бахши идораи нотариалӣ дар деҳаи Ворух бо мақсади хотима додани сарсониҳои мардум ба марказ низ аз масоили гуфтугӯи шаҳрдор бо сокинон будааст.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80–и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп