Касри буҷети соли 2021 Тоҷикистон чӣ гуна таъмин хоҳад шуд?
(last modified Mon, 30 Nov 2020 08:47:56 GMT )
Ноябр 30, 2020 13:47 Asia/Dushanbe
  • Буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 бо касри 41 миллион доллар таҳия шудааст
    Буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 бо касри 41 миллион доллар таҳия шудааст

Буҷети ҳукумати Тоҷикистон барои соли 2021 ба миқдори 41 миллион доллар (муодили 400 миллион сомонӣ) муқаррар карда шудааст, ки аз ҳисоби кумаки беруна ва маблағгузории дохилӣ ҷуброн карда мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, барои ин мақсад ҷалби 253 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумакҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ, 100 миллион сомонӣ аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби қарзҳои давлатӣ, 30 миллион Сомонӣ аз ҳисоби пасандоз ҳангоми баргузории тендерҳои хариди маҳсулот, 24 миллион сомонӣ аз ҳисоби интиқоли моликияти давлатӣ ба бахши хусусӣ, 15 миллион сомонӣ аз ҳисоби афзоиши даромади андози буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо ва 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ. дар назар гирифта шудааст.
 
Бахши даромадии буҷети Тоҷикистон дар соли оянда 27, 6 миллиард сомонӣ барномарезӣ шудааст,  ки 1 ,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 дарсад бештар аз буҷети соли 2020 аст.
 

 64 дарсад аз кулли буҷети ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби пардохти молиёт таъмин хоҳад шуд.

Қисми хароҷоти буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба буҷаи соли 2020 1,7 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Дар маҷмӯъ 48 дарсад буҷети соли 2021 ҳукумати Тоҷикистон дар бахшҳои иҷтимоӣ ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин 2,1 миллиард сомонии дигар ҳам монанди соли 2020 барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун ҳазина хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: