Декабр 01, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз ҷиҳати шароити коронаӣ вазъияти нисбатан босубот дорад
    Тоҷикистон аз ҷиҳати шароити коронаӣ вазъияти нисбатан босубот дорад

Ҳамзамон бо мавҷи ҷадиди шуюъи вируси корона дар ҷаҳон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам бо ин падидаи ҳамагир мубориза мебаранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, ғайр аз Тоҷикистон, ки бо эъломи ибтилои 12 ҳазорк 194 нафар ба бемории корона ба марги 86 тан бар асари ин беморӣ ба лиҳози шароити густариши корона дар вазъияти нисбатан босубот қарор гирифтаанд, дар бештари кишварҳои Осиёи марказӣ авзои короноӣ ташдид шудааст.

Бинобар эъломи Вазорати саноати Қазоқистон аз замони шуюъи вируси корона дар ин кишвар токунун 131 ҳазору 965 нафар ба ин вирус мубтало шуда ва ду ҳазору се нафар ҷон бохтаанд.

Ҳамчунин танҳо ду шаҳр Нурсултон, пойтахт ва Алмаата бузургтарин шаҳри Қазоқистон дар вазъияти зард қарор доранд ва панҷ минтақа дар Қазоқистон дар вазъияти қирмизи коронаӣ ҳастанд.

Дар бештари кишвари Осиёи марказӣ авзои коронаӣ ташдид шудааст

Дар кишвари Ӯзбекистон ҳам мутобиқи тозатарин омори то рӯзи сешанбе бо таъйиди 192 мавриди ҷадиди ибтило ба корона шумори беморони Ковид-19 ба 72 ҳазору 39 нафар расиданд ва шумори талафот бар асари корона ҳам дар ин кишвар 605 нафар эълом шудааст.

Тибқи тозатарин омор 378 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона низ дар Қирғизистон таъйид шудааст ва шумори кулли беморони коронаӣ низ ба 70 ҳазору 744 тан расидааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки сиёсати расмии давлати Ашқобод инкори вуҷуди корона аст ва Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчунон яке аз ангуштшумор кишварҳои ҷаҳон аст, ки ба таври расмӣ ҳеҷ мавриде аз коронаро дар ин кишвар таъйид накардааст.

Аммо дар ин кишвар тадобири лозим барои ҷилавгири аз густариши корона ҳам монанди дигар кишварҳо иҷро мешавад.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп