Декабр 02, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қоидаҳои гигиенаи мубориза бо корона ҷиддӣ гирифта намешавад
    Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон қоидаҳои гигиенаи мубориза бо корона ҷиддӣ гирифта намешавад

Мудири идораи назорати Маркази тиббии Душанбе гуфт, ки танҳо 30 фоизи мактабҳо ва донишгоҳҳои пойтахт муқаррароти ниқобпӯширо риоя мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Абдулхолиқ Амирзода  дар ҳамоиши баррасии авзоъи фаъолияти марокизи омӯзишии шаҳри Душанбе дар шароити коронаӣ, ки бо мушорикати масъулони вазоратҳои тандурустӣ ва маорифиу  улум ва низ шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, аз муроот нашудани муқаррароти ниқоб пӯшидан, ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ ва табсанҷӣ ба шиддат интиқод кард.


 
Вай гуфт: Ин ки дар муддати се моҳ ҳатто як мавриди таби боло миёни донишомӯзон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳо ва мактабҳои шаҳри Душанбе гузориш нашудааст, ҷоии тардиди дорад.

Амирзода ҳамчунин дар бораи авзоъи марокизи харид гуфт: «Дар зоҳир дар вурудии марокизи бузурги тиҷории шаҳри Душанбе маводи зидди уфуникунанда ва ниқоб гузошта шудааст. Ҷои хушҳолӣ дорад, ки ба афроди бидуни  ниқоб иҷозаи вуруд ба ин марокизро намедиҳанд, аммо замоне, ки шумо вориди ин марокиз мешавед, мебинед, ки аксари фурӯшандагон ва харидорон бидуни  ниқоб ҳастанд.»

Дар ин ҳамоиш  муовини шаҳрдори Душанбе низ таъкид кард, ки коҳиши теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар пойтахти Тоҷикистон ба маънии поёни вируси корона нест ва бояд ҳамагон барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ муқаррароти беҳдоштиро риоят кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп