Раҳмон барои таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дархост кумак кард
(last modified Wed, 02 Dec 2020 15:18:00 GMT )
Декабр 02, 2020 20:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқ дар шимоли Афғонистон Осиёи Марказиро таҳдид мекунад
    Раҳмон: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқ дар шимоли Афғонистон Осиёи Марказиро таҳдид мекунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз авзои муташанниҷи Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ, қочоқчиёни байналмилалии маводи мухаддир ва афзоиши ҷиноёти созмонёфта дар наздикии марзи кишварҳои узви ин созмон ибрози нигаронӣ кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони кишварҳои узви ин созмон дархост кард, ки ба таҳкими марзҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзҳои ҷанубии СПАД аст, кумак кунанд.

Раҳмон фаъолияти мухарриби гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар шимоли Афғонистонро хатаре ҷиддӣ барои минтақаи Осиё Марказӣ донист ва таъкид кард, ки ин авзои муташанниҷ иқтизо мекунад, ки тавони нерӯҳои СПАД барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ тақвият шуд.

  • Сарони ширкаткунанда дар ин нишаст дар бораи авзои амниятии ҷаҳон ва минтақа, ҳамкории кишварҳои узв дар соли 2021 ва равобити фанниву низомӣ баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин нишаст раёсати давраии яксолаи СПАД аз Русия ба Тоҷикистон вогузор шуд.

 

Бештар бихонед: