Маҳдудияти барқ монеи рушди иқтисоди Тоҷикистон мешавад
Коршиносони Бонки Рушди АвруОсиё муътақиданд, ки маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон монеи рушди иқтисоди ин кишвар мешавад.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, дар гузориши тозаи коршиносони Бонки тавсеаи АвруОсиё аз маҳдудияти барқ дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон ба унвони монеи ҷиддӣ дар рушди иқтисоди ин кишвар ёд шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар сафар ба вилояти Хатлон гуфтааст, ки иллати аслии маҳдудияти барқ дар ин кишвар афзоиши ҷамъият ва боло рафтани масрафи барқ аст.
Аммо Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати Барқи Тоҷик авохири моҳи октябр ваъда дода буд, ки пас аз як моҳи маҳдудияти барқ дар ин кишвар лағв мешавад.
- Вай гуфта буд, ки ба далели кам шудани захираи об дар садди нерӯгоҳи барқи обии Норак ин ширкат маҷбур шуд ки маҳдудияти барқро иҷро кунад ва бо афзоиши боришҳо ин мушкил рафъ хоҳад шуд.
Аммо акнун бо гузашти беш аз як моҳ на танҳо ин ваъда амалӣ нашуда, балки соатҳои қатъи интиқоли барқ дар бештари манотиқи Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳрҳои бузург афзоиш ҳам ёфтааст.
Қаблан сокинони ин манотиқ аз соати 8 субҳ то 17 барқ надоштанд, аммо акнун ин маҳдудият аз соати 22 шаб то субҳ низ такрор мешавад.
Коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон аз зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт соат барқи обӣ бархӯрдор аст, ки танҳо 5 дарсади ин захоир истифода шудааст.
Бештар бихонед: