Зоиров: Одинаев бояд худро таслим кунад
(last modified Fri, 04 Dec 2020 17:17:45 GMT )
Декабр 04, 2020 22:17 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадмурод Одинаев, муовини Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон се ҳафта нопадид буд
    Муҳаммадмурод Одинаев, муовини Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон се ҳафта нопадид буд

Раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон аз пайдо шудани муовинаш Муҳаммадмурод Одинаев хабар дод ва хостори таслими вай ба нерӯҳои интизомӣ барои дармони пойи осебдидааш шуд.

Ба гузориши сомонаи ТОП ТҶ, Раҳматуллоҳ Зоиров гуфтааст, ки итилоъ ёфта, Муҳаммадмурод Одинаев, ки беш аз се ҳафта аз сарнавишти вай хабаре набуд, пайдо шудаву бояд барои дармони пойи осебдидааш худро ба нерӯҳои интизомӣ таслим кунад.

Раҳматуллоҳ Зоиров талоши полиси ноҳияи Ҳисорро барои боздошти Одинаев амали худсарона дониставу гуфтааст, ки ин иқдом муҷиби фирори ин чеҳраи сиёсӣ ва осеб дидани пойи ӯ шудаву ӯ акнун барои дармон роҳе ба ҷуз таслим шудан надорад.

Аммо кормандони полиси ноҳияи Ҳисор муддаиянд, ки қасд доштанд аз Одинаев дар бораи парвандаи писараш, ки ба иттиҳоми авбошӣ боздошт шудааст, пурсиш кунанд, ки вай фирор кардааст.

Ду рӯз қабл Нусратуллоҳ Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфта буд, ки бастагони муовини Ҳизби сотсиал -демократи ин кишвар, ки муддаӣ ҳастанд вай аз 20 ноябр нопадид шудааст, дар ин муддат барои пайдо кардани ӯ ба мақомоти интизомӣ муроҷиа накардаанд.

Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон бештар сарнавишти зиндониёни сиёсӣ ва боздоштҳои ғайриқонунӣ дар кишварро пайгирӣ мекунад.

 

Бештар бихонед: