Декабр 04, 2020 22:34 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон Фаррух Ҳамроализодаро ба симати сафири Тоҷикистон дар Амрико мансуб кард
    Эмомалӣ Раҳмон Фаррух Ҳамроализодаро ба симати сафири Тоҷикистон дар Амрико мансуб кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳое, сафири нав дар Амрикоро таъйин ва дар сохтори бархе аз вазоратҳову созмонҳои давлатӣ тағироти кадрӣ эҷод кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, акнун Фаррух Ҳамроали‌зода, ки раиси Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буд, ба симати сафири кишвар дар Амрико мансуб шудааст.

  • Ҳамчунин Фарҳод Салим, ки дар шаш соли ахир дар симати сафири Тоҷикистон дар Амрико фаъолият мекард, барканор ва ӯҳдадори масъулияти дигар шудааст.

Саъдӣ Қодирзода, ки муовини раиси дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, низ ба симати раиси Кумитаи давлатии мудирияти амволи давлатӣ ва сармоягузории ин кишвар мансуб шудааст.

Ҳамчунин бар асоси фармонҳои дигари Раҳмон, муовинони вазири молия, мудири идораи захираи сарватҳои ин вазорат, муовинони созмони ҳавопаймоии кишварӣ, идораи ҳифзи асрори давлатӣ ва теъдоде аз мудирони шуъбаҳои дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон барканор ва афроди дигаре ба ҷои онон мансуб шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп