Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Одинаев тавзеҳ дод
(last modified Sat, 05 Dec 2020 14:53:17 GMT )
Декабр 05, 2020 19:53 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадмурод Одинаев ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор карда мешавад
    Муҳаммадмурод Одинаев ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор карда мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон аз ташкили парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Муҳаммадмурод Одинаев муовини ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳаммадмурод Одинаев таъкид шудааст: далели боздошти вай таҳдиди кормандони идораи низоми вазифаи ноҳияи Ҳисор буда ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми авбошӣ ва барҳам задани назми умумӣ  парвандаи ҷиноятӣ ташкил шудааст.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров рӯзи шанбе аз боздошти муовинаш Муҳаммадмурод Одинаев дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дода буд.

Ба ин далел, ки раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа низ аз пайдо шудани муовинаш Муҳаммадмурод Одинаев хабар дод ва таслими вай ба нерӯҳои интизомӣ барои дармони пои осебдидаашро хостор шуд.

Ба гуфтаи Зоиров мудохилаи полис дар пайи даргирии Одинаев бо кормандони идораи низоми вазифаи ноҳияи Ҳисор  мӯҷиби фирор ва осеб дидани пойи ӯ шудааст ва вай ҳамакнун барои дармон роҳе ба ҷуз таслим шудан надорад.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд муовини ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар акнун барои бозҷӯи ба додситонии ноҳияи Ҳисор мунтақил шудааст.

Муҳаммадмурод Одинаев аз беш аз се ҳафта пеш нопадид шуда буд.

 

Бештар бихонед: