Молиёти вазнин ширкатҳои Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон гурезондааст
(last modified Sat, 05 Dec 2020 16:02:25 GMT )
Декабр 05, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Дар Ӯзбекистон 178 ширкати тоҷикистонӣ фаъолият доранд
    Дар Ӯзбекистон 178 ширкати тоҷикистонӣ фаъолият доранд

Комитети давлатии молиёти Ӯзбекистон аз фаъолияти 178 ширкат бо мушорикат ба сармоягузории бахши хусусии Тоҷикистон дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, аз ин теъдод 103 ширкати муштарак ба 75 маркази тавлидӣ бо сармоягузории комили фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон маҳсулоти мухталиф тавлид мекунанд.

Коршиносон далели фаъолияти ин ширкатҳо бо сармоягузории бахши хусусии Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро низоми молиёти вазнин дар ин кишвар ва тасҳилоти фаровон дар кишвари ҳамсоя унвон мекунанд.

Бори вазнини молиёт дар Тоҷикистон мӯҷиб шудааст, ки фаъолони бахши хусусии ин кишвар сармояи худро ба Ӯзбекистон  мунтақил кунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши агентии давлатии омори Тоҷикистон танҳо дар 9 моҳи нахусти имсол 17 ҳазору 600 нафар аз фаъолони бахши хусусии ин кишвар муҷаввизи ширкатҳои худро лағв кардаанд, ки яке аз далелҳои ин иқдом молиётҳои вазнин аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи шикояти зиёди бахши хусусии кишвараш дастури ислоҳи қонуни молиётро содир кард, ки бояд дар моҳи сентябри имсол иҷроӣ мешуд. Аммо ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромадҳои молиётӣ, ин дастур низ ба марҳилаи иҷро нарасид.

 

Бештар бихонед: