Оғози тақсими китоби “Тоҷикон” дар ноҳияи Мурғоб
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз оғози тақсими ройгони китоби “Тоҷикон” дар миёни сокинони ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон хабар дод.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар чорчӯби барномаи тақсими ройгони китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ин барнома барои 3 ҳазору 800 хонаводаи сокини ноҳияи дурдасти Мурғоби вилояти Бадахшон оғоз шуд.
Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ки ин китобро ба вилояти Бадахшон мунтақил кардааст, мегуяд, ки 4 ҳазор ҷилди он дар миёни сокинони ноҳияи Ванҷ низ ройгон тақсим хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон оғози тақсими ройгони китоби “Тоҷикон”-ро аз вилояти Бадахшон оғоз карданд, ки минтақаи дурдасти ин кишвар аст.
Ин китоб ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо кумаки молии Сандӯқи захираи раёсатҷумҳурӣ ба муносибати 30-умини солгарди истиқлоли ин кишвар ба шуморагони як миллиону 600 ҳазор нусха мунташир шуда ва ройгон дар ихтиёри ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ қарор хоҳад гирифт.
Бобоҷон Ғафуров, таърихдон ва ховаршиноси номии тоҷик аст, ки дар даврони Шуравӣ 10 сол раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муддати 20 сол мудирияти Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Шуравиро бар ӯҳда дошт.
Китоби “Тоҷикон”-и вай дар соли 1972 нахуст ба забони русӣ дар Маскав мунташир шуд ва дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Афғонистон низ ба хати форсӣ борҳо чоп шудааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Интишори дубораи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон
- Дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи чопи китоби "Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров