Декабр 06, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури ёддоште террори Муҳсини Фахризодаро маҳкӯм кард
    Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури ёддоште террори Муҳсини Фахризодаро маҳкӯм кард

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судӯри ёддошти расмӣ, террори Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эронро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури ёддоште зимни маҳкумияти ин амали террористӣ, ҳамдардии давлат ва миллати худро бо мардум ва давлати Эрон ба хотири террори Муҳсини Фахризода эълом кард.

Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон асри ҷумъа (27 ноябр) дар ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обисарди Дамованд устони Теҳрон ба шаҳодат расид.

Террори кур ва буздилонаи шаҳид Муҳсини Фахризода вокунишҳои байналмилалии зиёдеро ба дунбол дошта аст.

Токунун бисёре аз кишварҳо террори шаҳид Муҳсини Фахризодаро маҳкӯм кардаанд ва бисёре аз кишварҳо ва расонаҳо низ дахолати Амрико ва режими саҳюнистӣ дар созмондиҳии террори шаҳид Муҳсини Фахризодаро ҳатмӣ донистаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп