Декабр 06, 2020 22:58 Asia/Dushanbe
  • Раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, ки фаъолияти бади нерӯҳои полис боиси беэътимодии мардум ба полис шудааст
    Раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, ки фаъолияти бади нерӯҳои полис боиси беэътимодии мардум ба полис шудааст

Раиси вилояти Бадахшон аз амалкарди заифи нерӯҳои интизомии ин минтақа ва ҳимояти ҷавонон аз гурӯҳҳои ҷиноятӣ интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати вилояти Бадахшон, Ёдгор Файзов гуфтааст, ки амалкарди заифи нерӯҳои интизомӣ муҷиби беэътимодии мардум ва нерӯҳои амниятӣ аст.

Ёдгор Файзов таъкид кардааст: "Фаъолияти полис бояд шаффоф бошад, шӯъбаҳои полис бо кадрҳои касбӣ таъмин карда шаванд ва полис бояд бо роҳандозии равобити наздик эътимоди ҷомеа ва мардумро ба даст орад" . Дар баъзе ҳолатҳо, мардум ҳатто аз тарси гурӯҳҳои ҷиноӣ шаҳодат доданро рад мекунанд, ки ин ғайри қобили қабул аст."

Ба гуфтаи волии вилояти Бадахшон, меъёри арзёбии фаъолияти нерӯҳои интизомӣ "на миқдори силоҳҳои мусодирашуда, миқдори ҷиноятҳои ошкоршуда ва ҳаҷми ҷарима барои ҷинояткорон, балки коҳиш додани ҷиноят дар муқоиса бо солҳои қаблӣ мебошад."

Файзов аз омилҳои афзоиши ҷурму ҷиноят дар вилояти Бадахшонро пойин будани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, набуди кори таблиғотӣ миёни мардум, амалкарди ғайри қобили пазириши шӯроҳои иҷтимоӣ ва нуфузи гурӯҳҳои ҷиноӣ миёни ҷавонон унвон кардааст.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп