Декабр 08, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 186 нерӯгоҳи барқи обии фаъол мавҷуданд
    Дар Тоҷикистон 186 нерӯгоҳи барқи обии фаъол мавҷуданд

Нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар 10 моҳи охир дар маҷмӯъ 13 миллиону 800 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ ​​тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар Тоҷикистон 286 нерӯгоҳи барқи обии хурд вуҷуд дорад, ки ки аз ин теъдоди 100 нерӯгоҳ фаъол нест.

Гуфта мешавад далели фаъолият накардани ин нерӯгоҳҳои хурди сохти ин марокиз дар маҳалҳои номуносиб бидуни баррасиҳои коршиносӣ ва илмӣ ва дар назар нагирифтани навасони об дар фаслҳои тобистону зимистон аст.

Дар солҳои 2000 бо кӯмаки молии ниҳодҳои байналмилалии раванди сохти нерӯгоҳҳои барқӣ обии хурд дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун маълум шудааст, ки ин барнома бидуни баррасиҳои коршиносӣ будааст.

Мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик мегӯянд ,ки дар 10 моҳи нахусти имсол дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар 15 миллиарду 48 миллион киловатт соат барқ тавлид шудааст,  ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 6 дарсади коҳиш нишон медиҳад.

Ҳамакнун ба ғайр аз шаҳрҳои бузург дар бақияи манотиқи ин кишвар маҳдудияти  барқ эъмол шудаасту мардум дар ин манотиқ ниме аз шабонарӯз барқ надоранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп