Чаро бемории вируси корона дар Тоҷикистон камтар аст?
Пизишки эронитабори амрикоӣ ва корманди воломақоми пажӯҳишгоҳи беҳдошт ва дармони ин кишвар, кӯҳистонӣ будани Тоҷикистонро яке аз омилҳои аслии камтар ба Ковид - 19 мубтало шудани тоҷикҳо унвон кард.
Ба гузориши сомонаи Авесто, доктор Ораши Олоӣ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар ҳамоиши роҳҳои мубориза бо вируси корона ширкат кардааст, кӯҳистонӣ, дур аз якдигар воқеъ шудани манотиқи рустоӣ ва ҷамъияти ками ин кишварро муҳимтарин омили зиёд набудани теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон медонад.
Вай гуфтааст: «Баррасиҳо нишон медиҳад, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки заминаи риояти беҳтари фосилаи иҷтимоиро фароҳам месозад. Аз ин рӯ, камтар олуда шудани сокинони Тоҷикистон ба Ковид -19 ношӣ аз шароити ҷуғрофиёии ин кишвар, пок будани ҳаво дар баландиҳои кӯҳистонӣ ва дур аз якдигар воқеъ шудани рустоҳо мебошад».
- Доктор Олоӣ таъкид кард: «Бо ин ҳол, барои тоҷикҳо доштани моск, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва беҳдошти дастҳо бисёр муҳим аст, ки метавонад аз мубтало шудан ба Ковид - 19 пешгирӣ кунад».
Дар ин ҳамоиш масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пизишкон, мутахассисон ва мудирони теъдоде аз бемористонҳои Тоҷикистон чигунагии ҷилавгирӣ аз густариши Ковид - 19 дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бештар бихонед:
- Шиносоии 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон
- Маркази ҳамоҳангии иттилооти Ковид - 19 дар Тоҷикистон таъсис мешавад