Барқи тоҷик: 10 декабр маҳдудият поён меёбад
-
Ширкати барқи Тоҷикистон аз қатъ шудани маҳдудияти барқ дар рӯзи 10 декабри соли 2020 хабар дод
Ширкати давлатии Барқи тоҷик бо интишори паёме аз бекор шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе 10 декабр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар паёми ширкати Барқи тоҷик таъкид шудааст, ки бо поён ёфтани мароҳили бозсозии таҷҳизотӣ ва тармими хутути интиқоли барқ дар кишвар аз рӯзи 10 декабр маҳдудияти барқ бекор мегардад.
Дар ин паём омадааст: «Далели маҳдудияти барқ ҳамзамон бо бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва тармими хутути интиқоли барқ, коҳиши захираҳои об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак буд, ки аз ин бобат аз мардуми кишвар узрхоҳӣ мешавад.»
Ин баёния меафзояд: «Мизони бориши имсол дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 44 дарсад коҳиш ёфтааст, ки мӯҷиби кам шудани захираҳои об дар сади нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маҳдудияти интиқоли он дар кишвар шуд.»
Дар паёми ширкати Барқи тоҷик таъкид мешавад, ки агар мардуми Тоҷикистон сарфаҷӯии барқро дар дастури кор қарор надиҳанд кишвар ба истиқлоли энержӣ нахоҳад расид.
То нимаи дувуми моҳи ноябр сокинони аксари манотиқи Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳрҳои бузург аз соати 8 субҳ то 17 барқ надоштанд, аммо акнун ин маҳдудият аз соати 22 шаб то субҳ низ такрор мешавад.
Бештар бихонед: