Тоҷикистон хостори ҳузури бештари мутахассисони чинӣ шуд
(last modified Wed, 09 Dec 2020 11:04:26 GMT )
Декабр 09, 2020 16:04 Asia/Dushanbe
  • Вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мушорикати бештари чиниҳоро дар тарҳҳои иқтисодии кишвараш хостор шуд
    Вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мушорикати бештари чиниҳоро дар тарҳҳои иқтисодии кишвараш хостор шуд

Масъулини Душанбе даъват карданд, ки мутахассисони чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба Тоҷикистон бештар фиристода шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдоии Тоҷикистони ин мавзӯро дар ёздаҳумин нишасти камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону  Чин, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд матраҳ кард.

Дар ин нишаст, ки  муовини вазири тиҷорат ва раиси чинии камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Чин ваТоҷикистон  Юй Цзянхуа ҳузур дошт, дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.
 


Завқизода дар ин нишаст гуфт: «Давлати Чин дар солҳои 2018 ва 2019 барои иҷроӣ кардани тарҳҳои муҳими зербиноии Тоҷикистон як миллиарду 700 миллион юан кумаки ройгон дар ихтиёри Душанбе қарор додааст.» 

Вай афзуд : «Чин бо 660 миллион доллари муомилоти тиҷорӣ дар соли 2019 яке аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Аз ин рӯ аз давлати Чин дархост шуд, ки барои сохти муҷтамаъи ҳукумат ва порлумону бозсозии роҳи Бохтар ва Кӯлоб  мутахассисони бештаре ба Тоҷикистони эъзом кунад.»

Ҳамакнун беш аз ҳазор мутахассиси чинӣ дар тарҳҳои муштараки истихроҷи тилло, нуқра, руҳ ва сурб дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед: