Боздошти як мулло дар ноҳияи Ваҳдат ба иттиҳоми таъсиси мадрисаи исломии ғайримуҷоз
-
Боздошти як мулло дар ноҳияи Ваҳдат
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як муллои тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат ба иттиҳоми таъсиси мадрисаи ғайримуҷози исломӣ хабар дод.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, кормандони ин идора Абдуҳалим Ашӯров, сокини 48 солаи ноҳияи Ваҳдатро ба иттиҳоми таъсиси мадрисаи ғайримуҷози исломӣ боздошт кардаанд.
Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки номбурда шаш моҳ қабл иқдом ба таъсиси ин мадриса карда ва аз волидайни донишомӯзон аз 300 то 1000 сомонӣ ҳаққи тадрис дарёфт кардааст.
Мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон муътақиданд, ки Абдуҳалим Ашӯров дониши тахассусӣ барои тадриси улуми исломиро надорад ва аз ҳаққи ифтитоҳи мадриса низ бархӯрдор нест.
Ин дар ҳоле аст, ки аз соли 2016 дар Тоҷикистон ҳеч мадрисаи исломӣ фаъолият намекунад ва танҳо як донишкадаи исломӣ барои ҷамъияти беш аз 9 миллионнафарии кишвар вуҷӯд дорад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Озодии рӯҳонии тоҷик пас аз ҳашт моҳ боздошт дар Тоҷикистон
- Имомхатиби Хуҷанд хостори омӯзиши ислом дар мадориси Тоҷикистон шуд
- Таътилии беш аз ҳазору 800 масҷид дар Тоҷикистон