Декабр 11, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон соли оянда маҷмӯае аз барномаҳоро дар ҳавзаи фарҳангу ҳунар баргузор мекунад
    Тоҷикистон соли оянда маҷмӯае аз барномаҳоро дар ҳавзаи фарҳангу ҳунар баргузор мекунад

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз интихоби шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии Ҷомеаи Ҳамсуд ё Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар нишасти маҷозии Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ гуфт: Бо беҳбуди авзои беҳдоштӣ ва коҳиши раванди ҳамагирии корона, Тоҷикистон дар назар дорад соли ояндаи мелодӣ маҷмӯае аз барномаҳоро бо мушорикати фаъолони ҳавзаи фарҳангу ҳунар баргузор кунад.

  • Муҳриддин афзуд: “Бо тавваҷуҳ ба ҳамагирии корона сарони ниҳодҳои дипломатӣ ба таъмиқи ҳамкории чандҷониба дар чорчӯби ИДМ дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва ҳамчунин дар ҳавзаи амният тавваҷуҳи вижае кардаанд.

 

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, буҳрони мавҷуд мунҷар ба коҳиши суръати тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамкорӣ дар заминаҳои сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва ҳамлунақл шудаву амнияти ғизоии кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсудро ба хатар андохтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп