Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишварро, ки дар рикоби Толибон меҷанганд, шиносоӣ кард
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳувияти 10 шаҳрванди ин кишварро, ки дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Дарвоз дар шимоли вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур доштанд, таъйид кард.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, манобеи ин вазоратхона гуфтаанд, ки дар филми ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба постгоҳи низомии ноҳияи Дарвоз, ки ҳафтуми декабр дар Ютюб мунташир шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кард, устамхуҷа Насриддинови 42-сола, сокини шаҳри Исфара бо писараш, Абдураҳим Насриддинови 18-сола, Сӯҳроб Юсупов, Далер Элмуродов, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Дӯстмурод Маҳмадов, Муҳаммад Шарипов, сокинони ноҳияи Нуробод, Шакарбек Холбеков, бародарон Бегзод ва Ҷавоҳир Уруновҳо, сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки бо гурӯҳи Толибон дар ҳамлаи хунин ба ноҳияи Дарвози Афғонистон мушорикат кардаанд аз тоҷикҳои таҳти пайгарди Додситонии кули Тоҷикистон ҳастанд.
Ҳузури чашмгири шаҳрвандони Тоҷикистон дар даргирии ахири Толибон дар Бадахшони Афғонистон
Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин 10 нафар аз аъзои гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ” ҳастанд, ки дар солҳои ахир дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ мекунанд.
Манобеи амниятии Афғонистон пеш аз ин эълом кардаанд, ки наздик ба 450 ҷангҷӯи хориҷӣ аз Чин, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қафқоз дар канори ҷангҷуёни гурӯҳи Толибон алайҳи давлати Афғонистон меҷанганду талош мекунанд, ҷуғрофиёи ҷангии худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Русия ва Чин тавсеъа диҳанд.
Дар ҳамлаи ахири гурӯҳи Толибон ба постгоҳи низомии ноҳияи Дарвози Бадахшони Афғонистон 24 нерӯи амниятии афғон кушта ва ҳафт тани дигар нопадид шуданд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Ҳушдори Русия дар бораи фаъолияти ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон