Декабр 12, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози ҳамкории Душанбе ва Риёз дар ҳавзаи варзиши баррасӣ шуд
    Чашмандози ҳамкории Душанбе ва Риёз дар ҳавзаи варзиши баррасӣ шуд

Вазири варзиш ва раиси Кумитаи олимпии Арабистон дар сафари корӣ ба Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори шоҳзода Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, вазири варзиш ва раиси Кумитаи олимпии Арабистон бо Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкории Душанбе ва Риёз дар ҳавзаи варзиш баррасӣ шуд.

Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал ва Рустами Эмомалӣ ҳамчунин бар густариши ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду кишвар аз ҷумла Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистон, кумитаҳои миллии олимпӣ ва федерасиюнҳои футболи ду кишвар таъкид карданд.

Гуфтугӯ дар бораи бозиҳои Олимпии осиёӣ, ки соли 2030 ба мизбонии Арабистон баргузор мешавад, аз дигар мавзӯоти ин дидор буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп