Декабр 12, 2020 21:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетикаи ин кишвар
    Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетикаи ин кишвар

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетикаи ин кишвар дар бораи ҳамкориҳо дар ҳавзаи об ва энергетика гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири энергетика ва захоири оби ҷумҳурии ин кишвар дар мулоқоте дар бораи охирин мавзӯоти иқтисодии равобити дуҷониба, бавижа ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энергетика ва низ иҷроии тасмимоти комитети пайгирии камиссиюни муштараки иқтисодии ду тараф гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Муҳаммадтақии Собирӣ бо интишори аксе дар ҳисоби Твиттерии худ навишт : Дар мулоқот бо оқои Далер Ҷумъа вазири муҳтарами энергетика ва захоири оби ҷумҳурии Тоҷикистон охирин мавзӯоти иқтисодии равобити дуҷониба бавижа ҳамкориҳо дар ҳавзаи обу энергетика ва низ иҷроии тасмимоти комитети пайгирии камиссиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон мавриди табодули назар ва гуфтугӯ қарор гирифт .

Барчасп