Таблиғи афкори ДИИШ шаҳрванди тоҷикистониро 5 сол зиндоннишин кард
(last modified Sun, 13 Dec 2020 10:45:42 GMT )
Декабр 13, 2020 15:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷулайбӣ таблиғоти гурӯҳи ДИИШ-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мекард
    Ҷулайбӣ таблиғоти гурӯҳи ДИИШ-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мекард

Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ба 5 сол зиндон маҳкӯм кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин фард бо лақаби “Ҷулайбӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз соли 2015 то моҳи апрели имсол, афкори гурӯҳи ДИИШ-ро таблиғ ва аз ин созмони такфирӣ эъломи пайравӣ кардааст.

Ба навиштаи манбаъ, вай матолиби таблиғотии ин гурӯҳро аз шабакаи интернетии “Ютуб” гирифта дар саҳифаҳои интернетии “Зелло”, “Телеграм” ва “Имо” бознашр кардааст.

“Ҷулайбӣ” бо вуҷӯди шикасти ин гурӯҳи террористӣ дар Сурия ва Ироқ ҳамчунон ба фаъолият дар ин замина идома додааст.

Аз ин рӯ, додгоҳи ноҳияи Рашт вайро ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва пайванд бо ин гурӯҳи такфирӣ ба 5 сол зиндон бо низоми сахт маҳкӯм кард.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: