Дар Тоҷикистон соҳибони касбу корҳои гуногун чӣ қадар маош мегиранд?
Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтаринро кормандони бонкҳо ва маоши аз ҳама поинтаринро деҳқонон мегиранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, ожонси давлатии омори вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, поинтарин ва болотарин мизони маошро дар кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ, эълом карда аст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки болотарин мизони дастмузд дар Тоҷикистонро кормандони банкҳо, хадамоти мухобирот ва иртибототу ҳамлу нақл, коргарони бахшҳои саноат ва маъдан дарёфт мекунанд.
Маоши ин афрод байни 2 то 3 ҳазору 97 сомонӣ ( муодили 200 то 330 доллар ) дар моҳ мебошад.
Маоши моҳонаи муаллимон як ҳазору 209 сомонӣ, устодони донишгоҳ як ҳазору 431 сомонӣ ва табибон як ҳазору 32 сомонӣ эълом шудааст.
Аммо афроди шоғил дар бахшҳои кишоварзӣ ва парвариши моҳӣ ва муҳитбонон моҳиёна 563 сомонӣ ( муодили 61 доллар ) маош дарёфт мекунанд, ки камтарин дастмузд дар кишвар ба ҳисоб меояд.
Дар маҷмӯъ, музди миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1426 сомониро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки мизони маоши моҳиёна дар Русия 657 доллар, дар Қазоқистон 432 доллар, дар Беларус 402 доллар, дар Қирғизистон 204 доллар, дар Туркманистон 198 доллар ва дар Ӯзбакистон 177 доллар эълом шудааст.
Ҳамчунин мизони миёнаи ҳуқуқи нафақа дар Тоҷикистон инчунин ба ҳисоби миёна 302 сомонӣ ё тақрибан 35 доллар аст, ки аз ин назар низ Тоҷикистон миёни кишварҳои узви Ҷомеи Ҳамсуд аз ҳама поинтарин қарор гирифтааст.
Бештар бихонед: