Декабр 13, 2020 22:51 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 38 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
    Шиносоии 38 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон

Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон шумори ин беморон ба 12 ҳазору 704 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони корона дар кишвар низ то соати 19 рӯзи якшанбе 13 декабри 2020 бидуни афзоиш ҳамон 88 нафари қабл аст.

Аз 12 ҳазору 704 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 133 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 40 бемори короноӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд. 

Бештар бихонед:

Барчасп