Декабр 14, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон нақзи қонуни танзими ҷашну маросим бо ҷарима ба маблағи то 8000 сомонӣ ҷазо дода мешавад
    Дар Тоҷикистон нақзи қонуни танзими ҷашну маросим бо ҷарима ба маблағи то 8000 сомонӣ ҷазо дода мешавад

Додгоҳи ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон падари як навхонадорро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима кард.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Раҳматуллоҳ Фақиров муаллими 50 сола, ки 34 нафар аз наздикони худро барои дидани либосҳои арӯсии духтараш даъват ва барои онон ғизо таҳия карда буд , ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ маҳкум шуд.

Лозим ёдоварӣ аст, ки дар Тоҷикистон 13 сол аст бар асоси қонуни танзими ҷашну маросим бисёре аз оинҳои роиҷ дар кишвар ҳамонанди дидани либоси арӯс, сандуқ барои, чодарканон, дидани арӯс пас аз издивоҷ, пазироӣ аз домод дар хонаи волидайни арӯс мамнӯъ аст ва афроди вайронкунандагони ин қонун ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз исроф дар баргузории ҷашну маросим дар соли 2007 қонуни вижаеро иҷроӣ кард, ки бар асоси он дар маросими арӯсӣ танҳо 140 то 200 нафар бидуни додани ғизо даъват мешаванду муддати он низ набояд аз 3 соат бештар бошад.

Маблағи ҷарима барои вайронкунандагони ин қонун то 8 ҳазор сомонӣ муқарар шудааст.

Дар соли 2019 бар асоси ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон 686 нафар ба иттиҳоми нақзи ин қонун маҳкум ба пардохти беш аз 3 миллиону 335 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп