Барномаи нави Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фирори молиётӣ
(last modified Mon, 14 Dec 2020 17:20:42 GMT )
Декабр 14, 2020 22:20 Asia/Dushanbe
  • 64 дарсад аз кулли буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби андоз таъмин хоҳад шуд
    64 дарсад аз кулли буҷети Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби андоз таъмин хоҳад шуд

Ҳукумати Тоҷикистон барои ташвиқи кормандони андоз ва гумрук, ба манзур парда бардоштан аз фирорҳои андозӣ ва молиётӣ эълом кард, ки 30 дарсад аз маблағҳои бозгардондашударо дар ихтиёри ифшокунандагон қарор медиҳад.

Ба гузориши «Азия плюс», ҳадаф аз ин иқдом, ки дар қонуни буҷети соли 2021 ин кишвар пешбинӣ шудааст, ташвиқи кормандони ин ду ниҳоди давлатӣ барои ифшосозии бештари фирорҳои молиётӣ аст.

Гуфта мешавад, ки ин манобеи молӣ барои афзоиши ҳуқуқи кормандони андоз ва гумрук ва беҳбуди фаъолияти ин ду ниҳод харҷ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан аз ифшои фирори молиётии теъдоде аз ниҳодҳо, аз ҷумла ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ хабар дода буд.

64 дарсад аз кулли буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби пардохти молиёт (андоз) таъмин хоҳад шуд.

 

 Бештар бихонед: