Пешниҳоди семарҳилаии Бонки Ҷаҳонӣ барои коҳиши ифротигарӣ миёни ҷавонони тоҷик
Бонки Ҷаҳонӣ бо пешниҳоди як тарҳи семарҳилаӣ барои кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба манзури коҳиши рӯҳияи ифротигарӣ дар насли ҷавони ин кишвар ибрози омодагӣ кард.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони “Муборизаи Тоҷикистон бо ифротигарӣ дар шароити густариши вируси корона” мунташир шуд, таъкид шудааст: «Ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба далели баста шудани марзҳо натавонистанд ба Русия бираванд, ки ин масъала метавонад заминаи густариши рӯҳияи ифротигариро дар онон фароҳам созад».
Коршносони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд: «Афзоиши теъдоди бекорон ба далели густариши вируси корона муҷиби афсурдагӣ, низоъҳои хонаводагӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ мешавад, ки барои пешгирӣ аз ин маворид барномаи вижаи чандмарҳилаӣ ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст».
Ин барнома дар марҳилаи нахуст ҷавононеро зери пӯшиш қарор медиҳад, ки ҳанӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ гароиш пайдо накардаанд, аммо дар баробари таблиғоти ин созмонҳо осебпазир мебошанд.
Марҳилаи дувуми барномаи Бонки Ҷаҳонӣ шомили касоне мешавад, ки ба узвияти созмонҳои ифротӣ даромадаанд ва бояд андешаву афкори онон тағйир кунад.
Марҳилаи сеюм низ ба манзури тақвияти ҳамкорӣ миёни ҳукумат, нерӯҳои амниятиву интизомӣ ва ҷомеа амалӣ хоҳад шуд то заминаи шиносоии гурӯҳҳои осебпазир дар баробари таҳаррукоти созмонҳои ифротӣ фароҳам шавад.
Бештар бихонед: