8 солу 6 моҳ зиндон барои раиси собиқи “Тоҷпромбонк”
(last modified Sat, 19 Dec 2020 05:54:07 GMT )
Декабр 19, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • Ҷурми Ҷамшед Зиёев, раиси бонки варшикасти “Тоҷпромбонк” исрофкорӣ ва сӯиистифода аз мақом эълом шудааст
    Ҷурми Ҷамшед Зиёев, раиси бонки варшикасти “Тоҷпромбонк” исрофкорӣ ва сӯиистифода аз мақом эълом шудааст

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси собиқи бонки “Тоҷпромбонк” –и Тоҷикистонро ба 8 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, ин додгоҳ Ҷамшед Зиёевро бар асоси 4 модаи Қонуни ҷинояти Тоҷикистон- 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) ба 8 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.

Ҷамшед Зиёев рӯзи 24 апрели соли 2018 ба иттиҳоми истифода аз манобеи молии ин бонк барои рушди тиҷорати аъзои хонаводаи хеш боздошт шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2018 муҷаввизи фаъолияти “Тоҷпромбонк”-ро ба далели нотавонӣ дар пардохти маблағҳои муштариёни хеш лағв карда буд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом кардааст, ки маблағи қарзи ин бонк ба муштариён беш аз 500 миллион сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, ки Зиёев маблағи 100 миллионсомониро ба унвони қарзи ин бонк ба давлат пардохт кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки беш аз ду сол аст, ки ашхоси ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ наметавонанд талаби худро аз бонки варшикастаи “Тоҷпромбонк”  дарёфт нвамоянд.

Акнун бо маҳкум шудани раиси ин бонк ба зиндон маълум нест, ки маблағҳои муштариёни ин бонк ба онон пардохт хоҳад шуд ё хайр.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: