Эҳтимоли маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон қувват гирифт
(last modified Sat, 19 Dec 2020 16:03:48 GMT )
Декабр 19, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимол дорад маҳдудияти барқ дар Душанбе эъмол шавад
    Эҳтимол дорад маҳдудияти барқ дар Душанбе эъмол шавад

Муовини нахуствазири Тоҷиикистон ҳушдор дод, ки дар сурати сарфаҷӯӣ накардан дар масрафи барқ эҳтимол дорад маҳдудияти барқ дар пойтахти ин кишвар низ эъмол шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Усмоналӣ  Усмонзода дар нишасте бо намояндагони ҳукумат, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва ноҳияҳои пойтахти Тоҷикистон гуфтааст, ки бояд сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ ҷиддӣ гирифта шавад, зеро дар ғайри ин сурат ба иллати коҳиши захоири оби сади нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва муроот накардани сарфаҷӯӣ, имкони маҳдудияти барқ на танҳо дар шаҳри  Душанбе, балки дар саросари Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. 

Вай таъкид кард: мавзӯи сарфаҷӯии барқ дар шаҳри Душанбе ба далели омодасозии пойтахти Тоҷикистон барои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ дар соли 2021 бисёр муҳим аст ва зарурат дорад, ки ин мавзӯ мавриди тавваҷуҳи масъулон ва сокинони шаҳри Душанбе қарор гирад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ ситоди вижаи кишварӣ таъсис шуд, ки шомили намояндагони Вазорати корҳои дохила, додситонии кулл, комитети давлатии амнияти миллӣ, ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ, ширкати Барқи тоҷик ва комитетҳои давлатии умури занон ва хонавода ва варзишу ҷавонон мешавад. 

Яке аз  вазоифи ин ситод ифшосозии сирқати барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аст.

Пас аз наздик ба 3 моҳи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, ин маҳдудият аз даҳуми декабр лағв шудааст.

 

Бештар бихонед: