Тоҷикистон 11 миллионнафарӣ ме‌шавад
(last modified Sun, 20 Dec 2020 06:29:00 GMT )
Декабр 20, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъияти Тоҷикистон то соли 2030 яку ниммиллион нафар афзоиш меёбад
    Ҷамъияти Тоҷикистон то соли 2030 яку ниммиллион нафар афзоиш меёбад

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард, ки пешбиниҳо нишон медиҳад, ҷамъияти ин кишвар бар асоси барномаи роҳбурдии рушди Тоҷикистон дар соли 2030 ба 11 миллионнафар бирасад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ашурбой Солеҳзод дар ҳамоиши “Тасбити омори рушди ҷамъият дар Тоҷикистон” гуфтааст, ки то соли 2030 ҷамъияти ин кишвар бо афзоиши як миллиону 500 ҳазор нафарӣ ба 11 миллион нафар хоҳад расид.

Вай афзуд, дар соли 1991 дар Тоҷикистон 5 миллиону 500 ҳазор нафар сукӯнат доштанд, ки дар соли 2020 ин шохис ба 9 миллиону 500 ҳазор нафар расид.

Ҳамакнун 60 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистонро афроди дар сини кор ташкил медиҳанд, ки заминаи муносибе барои рушди иқтисодии ин кишвар аст.

Тоҷикистон бо доштани рушди ҷамъияти солона беш аз 2 дарсад дар миёни кишварҳои узви ИДМ дар мақоми нахуст қарор дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: