Hоми хонадони Паёмбар(с) барои чаҳоргоникҳо дар Душанбе
(last modified Sun, 20 Dec 2020 07:06:16 GMT )
Декабр 20, 2020 12:06 Asia/Dushanbe
  • Ниҳодани номи хонадони Паёмбар (с) бар навзодони чандгоник дар Осиёи Марказӣ суннате роиҷ аст
    Ниҳодани номи хонадони Паёмбар (с) бар навзодони чандгоник дар Осиёи Марказӣ суннате роиҷ аст

Чаҳоргоникҳои нав таваллуд шуда дар таваллудхонаи рақами 3-и  шаҳри Душанбе Ҳасан, Ҳусайн, Фотима ва Зӯҳрм ном гирифтанд.

Ба гузориши сомонаи “Pressa.tj”, дар кишварҳои Осиё Марказӣ ниҳодани номи хонадони Паёмбар(с) бар навзодони чандгоник суннате роиҷ аст ва онон номҳои дигарро дар ин замина ҷоиз намедонанд.

Сарвиноз Аскарова ва Далер Файзалиев, сокинони шаҳри Бохтар, ки дар хонае иҷораӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, гуфтаанд, ки аз таваллуди чоргоник ба шиддат ғофилгир шуданд, аммо Худоро барои ин неъмат шукр ме‌кунанд.

 Падари ин навзодон, ки корманди як ширкати хусӯсӣ дар шаҳри Душанбе аст, мегуяд, ки озмоишҳои пизишкӣ эҳтимоли таваллуди ду ва ё сегоник матраҳ карда буд, аммо таваллуди чоргоник барои онҳо ғофилгиркунанда будааст.

Дар соли 2014 низ дар ҳамин таваллудхона хонаводае соҳиби чаҳор фарзанд шуданд ва мақомоти шаҳрдорӣ ба онҳо як хона эҳдо карданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: