Номҳои хонадони Паёмбар(с) бар нахустин панҷгоникҳои Тоҷикистон
(last modified Sat, 02 Jan 2021 07:02:43 GMT )
Январ 02, 2021 12:02 Asia/Dushanbe
  • Дар Осиёи Марказӣ ниҳодани номи хонадони Паёмбар (с) бар навзодони чандгоник роиҷ аст
    Дар Осиёи Марказӣ ниҳодани номи хонадони Паёмбар (с) бар навзодони чандгоник роиҷ аст

Волидайни нахустин панҷгоникҳои таърихи Тоҷикистон бар фарзандони хеш номҳои мубораки Ҳасан, Ҳусайн, Хадиҷа, Фотима ва Зӯҳро ниҳодаанд.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Дилноза Маматова, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон нахустин бонуи тоҷикистонӣ аст, ки соҳиби панҷгоник ва фарзандони худро ба номи хонадони Паёмбари Худо(с) номидааст.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳодани номи хонадони Паёмбар (с)бар навздони чандгоник суннатӣ роиҷ аст ва онон номҳои дигарро дар ин замина ҷоиз намедонанд.

Ширин Амонзода, вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба унвони нахустин мақоми давлатӣ ба дидори модару фарзандони панҷгоник рафт ва барои онон орзӯи саломатӣ кард.

Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳузур дар хонаи ин модар дар ноҳияи Қубодиён бо эҳдои кумаки молӣ дастур дод, хонаи онон аз ҳисоби буҷети ҳукумат бозсозӣ шавад.

Модар ва фарзандони панҷгоники ӯ дар зойишгоҳи “Пажӯҳиши модару кӯдак” дар шаҳри Душанбе таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд ва ҳоли онон хуб аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: