Раҳимзода: Бархе кормандони ширкати барқ ​​дар дуздии барқ ​​даст доранд
(last modified Mon, 21 Dec 2020 07:46:10 GMT )
Декабр 21, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Генерал Раҳимзода мегӯяд, ки баъзе аз кормандони ширкати барқ ​​ҳисобкунакҳоро сӯистифода мекунанд
    Генерал Раҳимзода мегӯяд, ки баъзе аз кормандони ширкати барқ ​​ҳисобкунакҳоро сӯистифода мекунанд

Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки раёсати ситоди вижаи кишварии назорат бар масрафи барқро бар ӯҳда доранд, бархе кормандони ширкати барқро ба ҳамкорӣ дар дуздии барқ муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , генерал Рамазон Раҳимзода дар нишасте бо масъулони вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар аксари маворид кормандони ширкати барқ дар дуздии барқ даст доранд ва дар мувофиқат бо муштариён ва моликони корхонаҳо, мизони барқи масрафшударо кам гузориш мекунанд.

Вай таъкид кардааст: «Тардиде нест, ки бархе аз кормандони ширкати барқ иқдом ба дасткорӣ дар шуморишгарҳоӣ барқ мекунанду бо кам нишон додан ин шохис ба буҷети давлат хисорати фаровон мезананд. Аз ин рӯ зарурат дорад, ки дар вилояти Хатлон тафтиши саросарии мизони барқи масрафӣ дар тамоми хонаҳо, марокизи тавлидӣ, тиҷорӣ ва идороту созмонҳо анҷом шавад.»

Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ ситоди вижаи кишварӣ таъсис шудааст, ки намояндагони вазорати корҳои дохила, додситонии кулл, комитети давлатии амнияти миллӣ, ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ, Ширкати давлатии Барқи тоҷик ва комитетҳои давлатии умури занону хонавода ва варзишу ҷавононро шомил мешавад. 

Яке аз вазоифи ин ситоди ифшосозии сирқати барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқӣ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ аст.

Пас аз наздик ба се моҳи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, ин маҳдудият аз даҳуми декабр бекор шудааст.

Бештар бихонед: