Дархости Тоҷикистон барои афви коргарони муҳоҷири ихроҷшуда аз Русия
(last modified Mon, 21 Dec 2020 16:13:13 GMT )
Декабр 21, 2020 21:13 Asia/Dushanbe
  • 257 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар феҳристи афроди ихроҷӣ аз Русия қарор доранд
    257 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар феҳристи афроди ихроҷӣ аз Русия қарор доранд

Тоҷикистон аз ҳукумати Русия дархост кардааст, ки коргарони тоҷики ихроҷшуда аз ин кишварро, ки муртакиби ҷурму ҷиноят нашудаву бештар қонуни иқоматро нақз кардаанд, афв кунад.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, ки 257 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар феҳристи афроди ихроҷӣ аз Русия қарор доранд, ки муртакиби ҷурму ҷинояте нашудаанд ва бештар ба иллати нақзи қонуни иқомат, муҷаввизи кор ва пардохти молиёти вуруди онон ба Русия мамнуъ аст.

Имомуддин Сатторов афзуд, имсол ба далели густариши вируси корона ва бекор шудани коргарони муҳоҷири тоҷик 200 ҳазор нафар аз ин афрод ба Тоҷикистон баргаштаанд ва дар пайи баста шудани марзҳои Русия низ 300 ҳазор нафар аз атбои Тоҷикистон натавонистаанд барои кор вориди Русия шаванд.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин дар солҳои қабл то 600 ҳазор нафар барои кори мавсимӣ, ба вижа дар бахши кишоварзӣ аз Тоҷикистон вориди Русия мешуданд, ки имсол ин барнома низ лағв шудааст.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав аз пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия барои эътои муҷаввиз ба коргарони сохтмонсозӣ ба манзури вуруд ба Русия истиқбол кард.

Гуфта мешавад, ки акнун камбуди наздик ба 200 ҳазор коргар дар бахши сохтмонии Русия мушкилотеро эҷод кардааст.

 

Бештар бихонед: