Қоҳир Расулзода: Афғонистон дӯсту муттаҳиди Тоҷикистон аст
(last modified Mon, 21 Dec 2020 17:35:47 GMT )
Декабр 21, 2020 22:35 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳ нақши Душанберо дар таъмини сулҳ дар Афғонистон муҳим хонд
    Абдуллоҳ нақши Душанберо дар таъмини сулҳ дар Афғонистон муҳим хонд

Нахуствазири Тоҷикистон дар дар дидор бо раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ин кишварро аз дӯстону муттаҳидони Тоҷикистон хонд ва равобити байни ду кишварро хуб арзёбӣ кард.

Қоҳир Расулзода дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Душанбе бо ҳимоят аз талошҳои сулҳ дар Афғонистон, истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро ба маънии сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақа донисту ибрози умедворӣ кард, ки талошҳои сулҳ ба раҳбарии раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба бор биншинад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар ин нишаст бо ишора ба таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарории сулҳи дохилӣ, нақши Душанберо дар таъмини сулҳ дар Афғонистон муҳим хонду ҳамкории Тоҷикистонро дар ин замина хостор шуд.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин аз даъвати Тоҷикистон ва ҳамкориҳои ин кишвар бо мардуми Афғонистон ва ҳимоятҳояш аз талошҳои сулҳ қадрдонӣ кард ва равобити миёни ду кишварро деринаву таърихӣ хонд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз ҳамчунин бо вазири хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафари дурӯзаи худ ба Душанбе бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: